Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирӣ аз эктремизми хушунатомез, ки ба терроризм оварда мерасонад, имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси амалӣ-байналмилалӣ таҳти унвони «Татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025: ҳамкориии мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ» доир гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод.
Дар кори конфронс намояндагону коршиносони 50 вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, муовини Прокурори генералӣ Зоирзода Икром Оймаҳмад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар, муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс механизмҳои байналмилалии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм, стратегияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм: ҳадафҳо, натиҷа ва қадамҳои минбаъда, платформаи ҳамкорӣ баҳри татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумщурии Тоҷикистон ва амсоли ин гуна масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни конфронс зикр шуд, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ шиддат гирифтани тероризму ифротгароӣ, чангу низоҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои муосир нигаронкунанда мебошад. Дар ин замина раванди пешгирии ифротгароии хушунатовар дар баробари тағйирёбии тамоюл, восита ва шаклҳои тундгароӣ мунтазам мураккаб мегардад.
«Ҳамаи ин падидаҳо окибатхои манфиро ба бор оварда, дар таъмини амният таъсир мерасонанд, инчунин сайю кӯшиши моро барои расидан ба рушди устувор халалдор менамяод. Аз ин рӯ, Ҷумхурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор менамояд», — гуфта шуд дар идомаи ҳамоиш.