
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсонро ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 52 фисади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят 250 ҳазор тонна пахта ва 2,5 миллион тонна меваву сабзавот истеҳсол карда мешавад. «Ҳамасола аз вилоят зиёда аз 100 ҳазор тонна содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Дар заминҳои кишоварзии ҳудуди вилоят ягон намуди нуриҳои минералӣ истифода бурда намешавад ва тамоми маҳсулоти кишоварзӣ аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад»,- гуфт Давлаталӣ Саид
Дар идомаи Давлаталӣ Саид вобаста ба таъсиси корхонае, ки дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки аз тарафи ширкати кореягӣ пешниҳод гардидааст, иброз намуд, ки бунёди он ба нақша гирифта шуда, мавриди омӯзиш қарор дорад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсон дар навбати худ зикр дошт, ки натиҷаи фаъолияти ширкатҳои кореягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузории мустақим ба рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардида, дар самти рушди саноаткунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ менамоем.
«Мо тасмим гирифтем, ки дар ДДБ ба номи Носири Хусрав кафедраи забонҳои кореягӣ ва бунёди гармхонаҳои наву замонавиро дар ҳудуди вилояти Хатлон ба роҳ монем» — гуфт Квон Донгсон.