
Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия имрӯз, 24-уми феврал бозии дӯстонаи дуюмашонро анҷом медиҳанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат гирифта, соати 16:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврал аввалин бозии дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистону Сурия баргузор гардид, ки бо ғалабаи суриягиҳо бо ҳисоби 1: 0 анҷом ёфт. Голро Муҳаммад Асад вориди дарвозаи дастаи мо гардонд.