Тими миллии Тоҷикистон дар 41-умин мусобиқаи Ҷоми Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола иштирок мекунад. Мусобиқа 1 март дар Ӯзбекистон оғоз мешавад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Ҷоми Осиёи имсола мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун, Уммон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Дастаи Тоҷикистон бозии якуми худро дар Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 2 март бо тими Урдун доир мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.
Сипас, рӯзи 5-уми март бозигарони мо бо ҳамсолони худ аз Уммон вомехӯранд ва дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 8-уми март бо яке аз фаворитҳои мусобиқот – Кореяи Ҷанубӣ нерӯ месанҷанд.
Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар даври 1/4 ниҳоӣ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Чин ё Қирғизистон бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки чаҳор тими беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2023 меравад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.