Корхонаи ресандагии ҶДММ “Хима Текстил” дар соли 2022 ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Корхонаи мазкур аз моҳи октябри соли 2022 инҷониб дар асоси шартнома бо ширкати “Текстил Тоҷикистон” ҳамкорӣ намуда, ба истеҳсоли риштаи ресандагӣ машғул аст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ,тибқи лоиҳа корхонаи мазкур иқтидори коркарди 2000 тонна нахи пахтаро доро буда, барои 175 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи мазкур моҳи марти соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тайи солҳои 2014 то моҳи октябри соли 2022 дар асоси шартнома барои корхонаи ҶДММ “Ваҳдат Текстайл” риштаи ресандагӣ истеҳсол намуд.
Айни замон дар корхона 115 нафар шаҳрвандон ҳамчун коргар ба қайд гирифта шуда, аз сабаби аз тарафи ширкаи болозикр набудани фармоиш дар корхона 34 нафар кормандон ба корҳои таъмирӣ ҷалб гардидаанд.