28 феврали соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Сенаноғлу мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
Намояндаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Сенаноғлу соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи ҳамкориҳо ҳавасмандии Созмони Милалро иброз карда, барои ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ намуд.