ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» ба маблағи умумии 4,2 млн сомонӣ маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 760 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаи мазкур дар давоми соли 2022 ба миқдори 874,1 ҳазор дона варақаи гачӣ ва 1 млн. 68,1 ҳазор дона амстронг истеҳсол намудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолӣ дар ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона гачкартон ташкил намуда, маблағи умумии иншоот 133,6 млн. сомониро дарбар мегирад. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 105 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур 22 апрели соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуд.