28 феврал дар шаҳри Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар қолаби «С5+1» баргузор гардид, хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа таъкид карданд.
Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.