9 марти соли 2023 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон дар нуҳӯмин Нишасти вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони “Ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим” дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои иҷрои муқаррароти Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, таъсири манфии пандемияи КОВИД-19 ба таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани устувории занҷираи озуқаворӣ, дастгирии занони деҳот, истеҳсол ва истифодаи тухмии зироатҳои кишоварзии ба таъсири тағйирёбии иқлим тобовар, беҳтар кардани гуногунии биологӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд.
Дар Нишаст аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон роҷеъ ба аҳаммияти татбиқи амалии ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва минбаъд ҳамасола рӯзи 21 март таҷлили ‘ Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, таъкид гардид.
Ҳамзамон зимни суханронӣ оид ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пайдоиши бемориҳои гуногуни растанию чорво ва таҳримҳои сиёсию иқтисодӣ ба занҷираи тақсимоти маҳсулоти кишоварзӣ қайд гардида, пешниҳод карда шуд, то баҳри бартараф намудани омилҳои мавҷуда мақомоти дахлдори кншварҳои Осиёи Маркази ва созмонҳои соҳавии байналмилалӣ ба таври густурда фаъолияти муштаракро ба роҳ монанд.
Бояд гуфт, ки нишасти мазкур бо ташаббуси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва мизбонии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Туркманистон сурат гирифт.