
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикстон башида ба 111-умин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндаҳо аз Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикстон ва ВАО-и кишвар иштирок намуданд. Зимни суханронии ифтитоҳӣ Вазири фарҳанги кишвар Давлатзода Зулфия Давлат роҷеъ ба ҷойгоҳи матбуот дар бозтоби вазъи имрӯз ва инкишофи он дар замони Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, изҳор намуданд, ки дар ҳақиқат нақши ВАО дар такомули афкори созанда ва офариниши андешаи солим нақши босазо дорад.
Ҳамчунин Абдуллозода Масрур — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита ва ҷомеа ҳамаи намояндаҳои ВАО-и кишваро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик ва таҳниат гуфта, дар мавриди нақши журналистика ва ба хусус журналистикаи байналмилалӣ чанде сухан ронданд. Дар идома раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Зинатулло Исмоилзода дар мавриди соҳаи рӯзноманигорӣ ва аҳаммияти он дар рушди ҷомеа суханронӣ намуданд. Сипас бахши тантанавии ҳамоиш бо эҳдои ҷоизаҳо ба шахсоне, ки дар ин соҳа нақши бесобиқа доштанд идома ёфт. Мавриди зикр аст , ки дар миёни ҷоизагирандагони ҳамоиш Қудратулло Раҷабов, ки беш аз 40 соли умри муборакашонро ба ҳайси сармуҳаррири Идораи барномаҳои бурунмарзии Тоҷикистон (ҳоло радиои «Овози тоҷик»)сипарӣ карданд сарфароз гаштанд. Ҳамзамон як қатор рӯзноманигорон ба нишони Аълочии матбуот ва ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.