“Тоҷикона мепӯшем”-таҳти ин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе аксияи тарғиби либоси миллӣ доир шуд. Ташаббускори он Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Умҳурии Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад мухбири радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова.
Дар он беш аз 50 нафар ҷавондухтарон либоси миллии чакан ва атлас ба бар намуданд.
Ҳадафи он арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона маҳсуб меёбад.