Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эрик Лебедел ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилоят, ҷонибҳо рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ ва дурнамои рушди ин муносибатҳоро баланд арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни суҳбат вобаста ба масъалаҳои амниятӣ, таҳкими сарҳадот, муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон зимни дидору мулоқоташон аз сатҳу ҳолати имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Дар вохӯрии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо кордори сафорати Фаронса Эрик Лебедел инчунин самтҳои дигари муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ, энергетика ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.