Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб намуд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ футболбоздухтарони тоҷик бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуданд. Чор голи мунтахаби Тоҷикистонро Омина Ҳусайнова ба самар расонида, покер анҷом дод. Маҳиноз Нурова муаллифи як голи дигар шуд.
Қаблан мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ (1:1) карда, аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:6 мағлуб шуда буд.
Дар натиҷа, мунтахаби Тоҷикистон бо касби чор имтиёз дар гурӯҳи «А»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мақоми дуюмро ишғол кард. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо нӯҳ имтиёз ғолиби гурӯҳ гардида, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт.



