20-24 март дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ доир мегардад. Мусобиқа дар дарёи Варзоб сурат гирифта, дар он мардон ва занони соли таваллудашон 2008 ва калонтар имкинияти иштирок кардан доранд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мусобиқа беҳтарин варзишгарони дастаҳои миллии давлатҳои иштирокчӣ ва беҳтарин варзишгарони дастаҳо ва федератсияҳои миллӣ иштирок менамоянд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ, медал ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.