Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндагони Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ ва барномаҳои таълимӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.
Муҳаммад ал-Муайнӣ зимни суханронии хеш рушди масъалаҳои таълиму таҳқиқ, омода намудани мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию таълимиро ҳадафи ташрифи худ унвон намуд.
Дар охир ҷонибҳо ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкориро таъкид намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.