
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо намояндагони Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон вохӯрии корӣ анҷом дода шуд.
Бино ба иттилои ДМТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати дастгирии таълимию методии ФПИ-ро аз нигоҳи мавҷудияти EUMC, васоити таълимӣ, симуляторҳои электронӣ ва маводи ҳавасмандкунанда барои донишҷӯёни кластери табиатшиносӣ баррасӣ карданд.
Дар ду рӯзи оянда вохӯриҳои меҳмонон бо намояндагони факултетҳои физика, химия, биология ва математикаи ДМТ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар доираи он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои стратегии донишгоҳҳоро дар самти такмили ихтисос баррасӣ намоянд.