Сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин бо вазири федералии энергетикаи Покистон Хуррам Дастгир Хон масъалаҳои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Тарафҳо асосан тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи обу энергетика ва баругзории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъкид намуданд. Қайд гардид, ки Покистон ба ташаббусҳо ва талошҳои судманди роҳбарияти олии Тоҷикистон вобаста ба об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад.
Дар идомаи суҳбат, инчунин муҳимияти татбиқи лоиҳаи энергетикии CASA-1000 барои кишварҳои минтақа қайд карда шуд.