Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ ва намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон бо роҳбарии хонум Алия Каракулова мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда шуд.
Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи авиатсия, сайёҳӣ, ва таъсири ин соҳаҳо ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисодӣ таъкид намуданд.