Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ширкати «Тревел Эйр»- Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо намуданд. Ин санад барои рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сармояи хориҷӣ ва инчунин бунёди корхонаҳои муштарак равона гардидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Созишномаи мазкур зимни мулоқоти намояндагони ширкати «Каян»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаи вилоят ба имзо расид.
Дар мулоқот, инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва содироти маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.