
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар мулоқот баргузор намуд. Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд, хабар дод Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Раҳим Саидзода иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Умут Аҷар қайд намуд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.