Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Донишгоҳи мазкур.
Дар он аз ҷониби иштирокчиён оид ба масъалаи дипломатияи обу пиряхҳо маъруза ироа гардида, зикр шуд, ки пешниҳоди ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 77-умин қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид перомуни «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025 боз як иқдоми саривақтии ҷониби Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
«Хушбахтона, ин иқдом шаҳодат аз сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат вобаста ба масоили ҷойдоштаи ҷаҳонӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарак медиҳанд, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо, балки ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дурусти муҳофизати пиряхҳо нақши муҳиму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро дар заминаи ингуна ташаббусҳои байналмилалӣ дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд,- гуфт устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров.
Гуфта шуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.