16 апрели соли равон дар шаҳри Бағдод Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдуллоҳ Зубайдзода бо Президенти Ироқ Абдул Латиф Ҷамол Рашид мулоқот намуд, ки дар он аҳамияти густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, дар оғози вохӯрӣ Зубайдуллоҳ Зубайдзода даъвати расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои боздид аз Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ расонид.
Дар идома, Абдул Латиф Ҷамол Рашид аҳамияти густариши ҳамкориҳои ду кишварро ба манофеъи муштарак барои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ қайд кард. Ӯ ба зарурати ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Бағдод ба манзури тавсеъа ва таҳкими равобити ду кишвар ишора намуд.
Дар навбати худ, Сафири Тоҷикистон Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ изҳори сипос намуда, саъй доштани кишварашро ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар Бағдод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шавад.