Аз 30 апрел то 14 май дар шаҳри Тошканди Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон доир мешавад. Тоҷикистонро дар он 13 варзишгар муаррифӣ мекунанд, хабар дод Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Ба иттило манбаъ, дар ин мусобиқа 640 варзишгар аз 140 давлат ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48кг, Меҳроб Ҳамидов дар вазни то 51кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни то 54кг, Асрор Воҳидов дар вазни то 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60кг, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5кг, Расул Аҳадов дар вазни то 67кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71кг, Некрӯз Салимов дар вазни то 75кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80кг, Парвиз Каримов дар вазни то 86кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг шомил мебошанд.
Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов ва мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.
Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.