Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 24 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ин давра 920 нафар сайёҳони хориҷӣ ба вилоят ташриф оварда, аз маконҳои сайёҳиву фарҳангии дидан ба амал оварданд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Инчунин дар вилоят 95 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 64 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 7000 ҷой, 24 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ, 132 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 22 боғи фарҳангию фароғатӣ, 30 ҳавзи моҳипарварӣ ва зиёда аз 1200 нуқтаҳои хӯроки умумӣ, аз қабили қаҳвахона, ошхона ва чойхона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.