Хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи XIX байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии педагогии Урал байни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гардид, сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ шуданд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, хонандагони тоҷик 6 медали тилло, 8 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамзамон дар он 20 хонандаи литсей барои иштироки фаъол бо ифтихорнома ҳавасманд гардонида шуд.
Олимпиадаи мазкур аз рӯйи 13 фан, аз ҷумла таърих, ҷомеашиносӣ, забонҳои хориҷӣ – русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, фанҳои адабиёт, математика, физика, информатика, химия ва биология доир шуда, дар он муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, Русия, Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.