
Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.
Саидмурод Фаттоҳзода таъкид намуд, ки миёни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, заминаи хубе бунёд гардидааст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафаӣн ва эҳтиром ба даст омадааст. Ҳамзамон барои рушди муносиботи дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судбахш заминаи њуќуќї фароњам оварда шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши робитаҳои баӣнипарлумонии Тоҷикистону Корея ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.