14 июни соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд.



