Имрӯз дар Боғи «Куруши Кабир» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодию ҳалвопазӣ баргузор гардид. Дар ин бора Тахмина Амониён, хабарнигори радиои » Овози тоҷик» аз ҷараёни Фестивал хабар медиҳад .
Чорабинии мазкурро Исоҷон Қурбонзода, муовини Вазорати саноат ва технологияҳои нав ифтитоҳ намуда, баргузории чунин Фестивалро такони ҷиддӣ барои иштирок дар фестивалҳои сатҳи ҷаҳонӣ унвон кард.
Ҳакамону меҳмонон ва иштирокдорони Фестивал бо номоиши маҳсулот, аз ҷумла, яхмос, дўғоб, шарбати меваҳои гуногун, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос шуда, беҳтарин навъҳои онро муайян намуданд.
Баъд аз дида баромадану санҷиши маҳсулот ғолибони Фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокдорон диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҷои аввалро дар ин Фестивал аз номинатсияи қаннодӣ ҶДММ «Амирӣ», аз номинатсияи обҳои ташнашикан ширкати «Сиёма «аз номинатсияи дӯғоб ҶДММ «Шири Данғара» ва аз номинатсияи яхмос ширкати «Дусти Алишер» ба даст оварданд.



