Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо муовини ҳокими шаҳри Остона Ерлан Бекмурзаев мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Қазоқистон низ ширкат варзиданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумщурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рафти сӯҳбат густариши масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва доир намудани намоиши молу маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Остона баррасӣ карда шуданд.



