Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вазири давлатӣ доир ба корҳои Аврупои Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лео Докерти мулоқот намуд. Дар ин бора радиои»Овозои тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
Зимни мулоқот перомуни масоили умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист ва энергетика гуфтугӯ сурат гирифта, зарурати тақвияти бештари заминаи шартномавии равобит миёни ду кишвар таъкид гардид.
Мавзуи амнияти минтақавӣ бо тамаркуз ба вазъи феълӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир ва аҳаммияти вусъати ҳамкориҳои ҷонибҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ бахши дигари музокиротро ташкил дод.



