23-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти раёсати Ҳинд фардо рӯзи сешанбе баргузор мешавад. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба шабакаи хабарии “Бҳарат” хабар медиҳад.
Ҳинд раёсати даврии Созмони ҳамкориҳои Шанхайро бар ӯҳда дорад. Шабакаи хабарии Бҳарат хабар дод, ки вазъи Афғонистон яке аз муҳимтарин мавзӯҳои баҳси ин нишаст хоҳад буд.
Дар ин нишасти маҷозӣ сарони Чин, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон суханронӣ мекунанд.
Мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, амнияти минтақа, иқтисод, эҳтиром ба истиқлолият ва тамомияти арзӣ аз мавзӯҳое мебошанд, ки дар нишасти фардо баррасӣ хоҳанд шуд.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, қаблан гуфта буд, терроризм, қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва густариши идеологияи ифротӣ аз Афғонистон кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро таҳдид мекунад.



