Дар лагери илмии ҷавонони палеонтологии “Боғи Кретаза дар Урали Ҷанубӣ”, ки имрӯзҳо дар вилояти Оренбург (Русия) ҷараён дорад, пажӯҳишгарон аз кишварҳои ИДМ, Сербия, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ ва Муғулистон ширкат доранд .Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” аз дафтари Россотрудничество дар Душанбе хабар доданд.
Тибқи барномаи «Насли нав»-и Россотрудничество, ҷуғрофиён, геологҳо, биологҳо ва палеонтологҳо бозёфтҳои сангшудаҳоро меомӯзанд, таҷриба ва дониши худро мубодила мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар миёни олимони кишварҳои зикршуда ду нафар олимони ҷавон аз Душанбе ва Ёвон низ хастанд.