Дар Белоруссия ҳама шароит барои оғози Бозиҳои дуюми кишварҳои ИДМ, ки аз 4 то 14 август баргузор мешавад ва майдони мусобиқот аз рӯи 20 намуди варзиш мегардад, омода аст. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” ба нақл аз кумитаи иҷроияи ИДМ дар иртибот ба суханони Муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко дар ҷаласаи маркази ҳамоҳангсозии амалиёти ин чорабинӣ хабар медиҳад.
«Омодагии комил ба Бозиҳои II кишварҳои ИДМ таъмин аст. Меҳмонон ва дастаҳо аллакай меоянд, мо онҳоро қабул мекунем ва бо ҳама шароити зарурӣ таъмин мекунем. Варзишгарон интизор доранд, ки ба шароити иқлими мо ҳамоҳанг шаванд ва аз ҷойҳои ҷолиб дидан кунанд”, — гуфт Игор Петришенко.
Мавриди зикр аст, ки омодагии ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои Беларус ба қабули меҳмонони сершумори кишварҳои гуногун ба шарофати кори намояндагони тамоми минтақаҳои Беларус, инчунин идораҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ, Вазорати нақлиёт ва Вазорати маориф. Ба харитаи мусобика ёздах шаҳри ҳҳи Белорус дохил карда шудааст.
Петришенко ҳамчунин дар бораи омадани меҳмонони аввалин гуфт, ки як ҳайати Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои дувуми кишварҳои ИДМ аллакай дар Беларус қарор дорад.