Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари навтаъйини Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзеро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тақвияти бештари ҳамкорӣ дар самти мубориза бо хатару чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, инчунин таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.