Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023) байни бозингарони то 17-сола гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа, ки аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд, панҷ дастаи мунтахаби наврасон – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Узбекистон (2:0) ғалаба намуда, аз дастаи мунтахаби Эрон (0:1) мағлуб шуданд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Узбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозингари дастаи мунтахаби Узбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ҳамлагари дастаи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозингари чемпионати CAFA-2023 эътироф шуд.