
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора радиои 2овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба қисмати муҳтавоии ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Беларус ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор анҷом доданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид.