
Бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва Рустам Оймаҳмадов, адабиётшиноси ҷавони тоҷик китоби «Фолклори тоҷикони Афғонистон» ба нашр расидааст, ки дар ҷомеаи имрӯз ва таҳдиди ҷаҳонишавӣ ба ҳифзи фарҳангу адабиёти шифоҳии миллати тоҷик нақши бориз дорад. Ҳосили ин китоб ҳудуди ҳазор дубайтии омиёна аз мардуми Афғонистон аст, ки аз мақолаҳо ва дӯстони афғонистонӣ аз тариқи интернет ва ҳузурӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Номи ҳар кадом аз ин дӯстон ва гӯяндагон дар охири китоб дарҷ шудааст. Дар ин бора Зарангези Маҳмадулло, хабарнигори радиои”Овози тоҷик” зимни мусоҳиба бо муаллифи китоб Рустам Оймаҳмадов хабар медиҳад.
Ин китоб дорои се фасл аст. Дар фасли нахуст, ки муқаддимаи китоб аст, иттилооти мухтасаре дар бораи Афғонистон дода шудааст. Сипас ба баёни фолклор, адабиёти шифоҳӣ ва аҳаммияти он, қолаби дубайтию рубоӣ ва таҳқиқоти фолклорӣ, ки аз тарафи муҳаққиқон ва фолклоршиносони тоҷик, афғон ва эронӣ дар ин замина шуда, пардохта шудааст. Дар фасли дувум дубайтиҳои тоҷикони Афғонистон аз назари мавзӯъ ва муҳтаво табақабандӣ ва баррасию таҳлил шудаанд. Дар баррасӣ ва таҳлили ин осор дубайтиҳои ошиқона, дубайтиҳое дар мавзўи зан, дубайтиҳои меҳанӣ, дубайтиҳои иҷтимоӣ, дубайтиҳои ғарибӣ ва баҳория бо тақсимбандӣ ва зершохаҳои он таҳлил ёфта ва натиҷагирӣ шудаанд. Дар бахши дубайтиҳои ошиқона тавсифи андоми маъшуқ бо анвоъи аносири тавсифшуда ва низ дурию фироқ аз маъшуқ, бевафоӣ ва аҳдшиканӣ, равобити ошиқона ва зермаҷмўаҳои он;- мисли даъват ба дидор, номанависӣ, дастмолдиҳӣ, диалог ва монологҳои ошиқона, восӯхт баррасӣ шудаанд. Дар дубайтиҳое бо мазмуни тасвири симои зан, ба нақши модар дар ин осор, тавсифу таҳсин ва шикваву шикоят аз модар, издивоҷи иҷборӣ, маросими издивоҷ, хидмати навкарии домод ва симои хоҳар, зани бародар ва… пардохта шудааст. Дар бахши дубайтиҳои меҳанї ба мавзӯоти ситоишу таҳсин аз ватан, дурї аз ватан, муҳоҷират ишора шудааст. Дар бахши дубайтиҳои иҷтимоӣ, дубайтиҳо аз назари иҷтимоӣ баррасию таҳлил шудаанд. Бахши ғарибона, баҳория ва хайёмона бахшҳои дигаре ҳастанд, ки аз назари мавзӯӣ таҳлил ёфтаанд. Дар охири ин бахш ҳамчунин ишораи кӯтоҳ бар нукоти вижа ва махсуси ин осор шудааст. Дар фасли сеюм матни дубайтиҳо зикр шудаанд.