Имрӯз дар Китобхонаи Милли Тоҷикистон ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ба кори худ шуруъ кард. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Фурӯҳар Тоҳирӣ аз ҷараёни ҳамоиш хабар медиҳад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи мазкурро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар риштаҳои гуногун суханронӣ намуд. Ҳамзамон вазири кишоварзӣ ва озуқаи Беларус , Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, Сергей Бартош оид ба рушди ҳамкориҳо ва густариши он дар оянда андешаронӣ кард.
Дар ҳамоиши мазкур аъзои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳарду ҷониб масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва озуқа, омодасозии кадрҳо дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар рафти мулоқот тарафҳо масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар самти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар ин замина тақвият додани ҳамкориҳои судманд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқисодиву сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.
Аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи мазкур Протоколи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба имзо расонида мешавад.