2-юми октябр дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» оид ба ҷиу-ҷитсу байни варзишгарони рақами як баргузор гардид. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Варзиш ТВ хабар медиҳад.
Навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар риштаи ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг дар вазни то 30 кг баромад намуда, соҳиби нишони тилло гардид.
Сомон барои ба дастовардани медали тилло ду рақиби пурқуввати худро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мағлуб намуда, нишони заррини мусобиқаро ба даст овард.