Рӯзи 30 сентябр дар чаҳорчӯби ҷашнвораи 15-уми байналмилалии синамо дар Тошканд маросими ифтитоҳи филмҳои Осиёи Марказӣ «Як гузашта, як оянда» баргузор шуд. Дар ин бора Дурдона Расулова, муҳаррири бахши узбекии радиои «Овози тоҷик» хабар дод.
Нахуст муаррифии лоиҳаи филми «Шуълаи ситораҳо — Ҷомӣ ва Навоӣ» дар ҳамкорӣ бо синамогарони Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд. Дар чорабинӣ директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон, директори генералии Фестивали 15-уми байналмилалии синамои Тошканд Фирдавс Абдухолиқов ва директори генералии МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шаҳиён суханронии дӯстона карданд.
“Пеш аз ҳама ба халки Узбекистон — дӯст ва бародарам барои чунин шаъну эхтиром миннатдорй баён мекунам. Дар байни мо анъанаҳои чандинасра мавҷуданд. Албатта, мо мехоҳем ин корро давом диҳем. Аз ин ҷост, ки мо қарор додем, ки бахшида ба ду эҷодкори бузурги адабиётамон — Ҷомӣ ва Навоӣ якҷоя филм ба навор гирем. Ин кори осон нест, аммо ману бародарам якҷоя кор мекунем”.
Бо истифода аз фурсат ҳамагонро дар ин ҷо ба ҷашнвораи байналмилалии синамои «Тоҷи Сомон», ки рӯзҳои 15-19 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват менамоям», — гуфт зимни суханронии худ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори «Тоҷикфилм».
Ӯ туҳфаи худро ба директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон, директори генералии Фестивали 15-уми байналмилалии синамои Тошканд Фирдавс Абдухолиқов супурд.
Сипас, коргардонони ин тарҳ, коргардони тоҷик Файзулло Файзов, коргардони узбек Дилмурод Масаидов ба саҳна омада, наворҳои омодакардаи худро барои маконҳои филм намоиш доданд.