Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши адибони Эрону Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора Малвина Хушқадам хабарнигори радиои “Овози тоҷик”зимни мусоҳиба бо яке аз намояндаҳои Хонаи китоби Эрон дар Намоишгоҳи “Китоби Душанбе” хабар медиҳад.
Ба иттилои Алӣ Илнет дар Намоишгоҳи “Китоби Душанбе” аз Эрон 700 номгӯи китобҳои классикӣ ва адабӣ ба маъраз гузошта шудааст, ки ин аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст.
Номбурда афзуд, ки дар доираи намоишгоҳи мазкур чанд дидору вохуриҳои шоирону нависандагони тоҷику эронӣ дар мавзуъи адибони Эрону Тоҷикистон дар чанд мавзеъ , ба монанди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ҷойҳо баргузор мегардад.