Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи кишвар Конференсияи байналмилалии илмӣ — амалии «Захираҳои об, иноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» оӯоз гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кишварҳои хориҷӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок доранд. Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни ин ҳамоиши байналмилалӣ иттилоъ медиҳад.
Конфронси байналмилалии «Захираҳои об, иноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» — ро Ориф Амирзода директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи кишвар оғоз намуда, ҳадафи асосии баргузории ҳамоишро саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим донист.
Манбаи мо афзуд , ки дар назар аст, конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳои зерин: усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, истифодаи маҷмаавии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, гидроэкология, гидрохимия ва сифати об, рушди устувор ва иқтисоди «сабз», иншооти гидротехникӣ ва сохтмон, дурнамои рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, энергетика, захира- ва энергиясарфанамоӣ, аҳамияти рекреатсионӣ, сайёҳӣ ва табобатии обҳои ноҳияҳои кӯҳсор, масоили об ва барқтаъминкунии таъминкунии шаҳру деҳот дар шароити кӯҳсор ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар бахши хоҷагии об мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Ба таъкиди хабарнигори мо ин конфронс бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018 — 2028 ба роҳ монда шудааст.
Самандарзода П.