Рӯзи гузашта дар рафти баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати тандурурстии кишвар хабар медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти 30 солаи хеш инак бори нахуст Конгресси номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.