
Дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 42-юми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле мулоқот намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
ДАр ин дидор муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО матраҳ гардид. Ҷонибҳо роҷеъ ба 30-солагии шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ва таъсиси Комиссияи миллӣ оид ба ЮНЕСКО ёдовар шуда, нисбат ба расидан ба дастовардҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистон дар кулли самтҳои салоҳияти Созмон умеду боварӣ намуданд.
С.Муҳриддин мудири кулли ЮНЕСКО-ро ба Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ва ҳамзамон иштирок дар Конфронси сеюми об, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.