Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров иштирок кард. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар заминаи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, иштироккунандагон масоили ҳамкориҳо дар формати “Осиёи Марказӣ-Русия” ва татбиқи натиҷаҳои саммити нахустини онро, ки 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, матраҳ карданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.