Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гардид. ДАр ин бора радиои 2Овози тоҷик» дар истинод аб ВКХ хабар медиҳад.
Дар рафти вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию транзитӣ, энергетикӣ, саноатӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, илм ва маориф сурат гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳамаи бахшҳо, танзими сафарҳои мутақобил, инчунин коркарди абзорҳои нави равобити дуҷониба табодули афкор намуданд.