
Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “ Масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилноза Сатториён хабар медиҳад.
Дар кори ин ҳамоиш намояндаҳои вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ дар кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Ҳамчунон дар мизи гирд масъалаҳои вобаста ба вазъи татбиқи дасттовардҳои илмию инноватсионӣ дар истеҳсолот ва тиҷораткунонии он, дарёфти роҳҳои имконпазири рушди минбаъдаи соҳибкории инноватсионӣ, тамоюлҳои афзоиши ҳаҷмимаҳсулоти тавассути инноватсия истеҳсолгардида ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтанд.