
Ҳозим Бадавӣ, раиси Идораи миллии интихоботи Миср рӯзи душанбе эълом кард, ки раисиҷумҳур Абдулфаттоҳ Сисӣ пас аз интишори натоиҷи интихоботи ҳафтаи гузашта дар даври нави президентӣ пирӯз шудааст. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба «Аш-шарқулавсат» хабар медиҳад.
Бадавӣ рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ тавзеҳ дод, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ, Призиденти Ҷумҳурии Миср, 39 миллиону 702 ҳазору 451 раъйро ба даст оварда, да 89,6 дарсади овозҳоро ташкил додааст.
Бадавӣ дар идома гуфт: «Дарсади раъйдиҳӣ дар ин интихобот баландтарин дар таърихи Миср буд, ки 66,8 дарсадро ташкил додааст ва ҳеҷ қонуншиканӣ ё нақзи қонуне, ки раванди интихоботро халалдор кунад, ки мавриди ситоиши созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ қарор гирифт.»