Моҳи августи соли равон Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомард Тоқаев бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини вазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, ки баъди музокироти дуҷониба баргузор карданд зикр гардид. Сироҷиддин Муҳриддин зимни ин брифинг изҳор дошт, ки миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳудуди 40 созишнома ва қарордод ба маблағи беш аз се миллиард доллар ба имзо расидааст. Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин хабар дод, ки моҳи августи соли ҷорӣ раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомард Тоқаев бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон нимпайкараи шоир ва нависандаи қазоқ Абай Қуманбоев сохта мешавад.