
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 48 нафар донишҷӯёнро барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар сафарбар намуданд.Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Ҷилло Гулназарзода — Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Соли қабл дар Донишгоҳ 8 нафар омӯзгорони хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Инчунин, 23 нафар омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ дар хориҷи кишвар аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ бомуваффақият гузаштааст.
Бино ба иттилои Ҷилло Гулназарзода — Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, дар соли 2023 барои ба имзо расонидани Созишномаҳо, иштирок дар семинару форму конфронсҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо, Раёсати донишгоҳ , кормандони омӯзгорон ба давлатҳои Федератсияи Россия , Белорусия ,Қазоқистон, Ҷумҳурии мардумии Чин , Ҷопон, Ҳиндустон , Ҷумҳурии Булғория ва дигар давлатҳои дуру наздик 59 нафар сафарбар гардидааст.
Дар ҷараёни нишасти хабари гуфта шуд , ки феълан дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 395 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳириҳои Ӯзбекистон,Туркманистон,Қирғизистон , Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ва 13 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забономӯз дар назди кафедраҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.